There are no translations available.
Базми шеър дар оромгоҳи Лучоб Садорати факултети филологияи тоҷик дар ҳамбастагӣ ба қисми тарбияи факултет ва кафедраи назария ва таърихи адабиёт дар санаи 20-уми май бахшида ба зодрӯзи ду тан аз абармардони ҷодаи илму фарҳанги Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ва устод Муъмин Қаноъат дар оромгоҳи Лучоб бо иштироки доираи васеи омӯзгорон ва донишҷӯёну ҳаводорони каломи мавзун базми шеър доир намуд. Дар маҳфили адабӣ- фарҳангӣ дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Қурбонов Абдулмаҷид, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Абдураҳмонов Маъдӣ ва донишҷӯёни курси 2-юми факултет фаъолона иштирок намуданд. Дар оғоз дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Қурбонов Абдулмаҷид баромад намуда роҷеъ ба зиндагинома ва осори безаволи устод Лоиқ Шералӣ ёдовар шуд ва шеъри «Намнами борон чу ёдат кард ёдат мекунам»-и шоирро қироат намуда, ҳамчунин ҷавононро ба ишқи поки инсонӣ ҳидоят кард. Мавсуф шеъри шоирро ифодакунандаи ҳиссиёти ботинии мардум арзёбӣ намуда, афзуд, ки сиришти инсон маҳз аз обу гили ишқ сиришта шудааст. Сипас, донишҷӯён дар назди оромгоҳи шоири шаҳир устод Муъмин Қаноат достонҳои «Суруши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр» ва дигар шеърҳои шоирро қироат намудаанд, ҳамчунин гардонандаи маҳфил шоир Хайрандеш миёни донишҷӯёни факултет ва дигар муҳасилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ базми шеър ташкил намуд, ки дар он донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯи курси 2-юм Бобиев Наврӯз дар базми шеър дастболо гардида, аз ҳамсабақонаш дида шеърҳои ду тан шоири мумтозро бо ҳунари воло қироат намуд, ки писанди аҳли нишаст гардид.
И.в. декани факултет Мирзоалиева А. |