• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Ҷамъбасти курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар»

z 250.jpg - 6.08 MbБахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ мунтазам бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои судманд дошта, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва нақшаи амалии он дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2018 то 18 майи соли 2019 курси «Мактаби духтарони сарвар» барои донишҷӯдухтарони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амал кард, ки дар он 2 нафар донишҷӯдухтари фаъоли мо Сатторова Бунафша - донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва Шарифова Мавлуда - донишҷӯи курси 1-уми факултети химия иштирок карда, баъд аз супоридани имтиҳон соҳиби  «Гувоҳнома» гардиданд, ки боиси ифтихори мост.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ курси омӯзишии «Духтарони сарвар»-ро ташкил намуд, ки дар он 10 нафар донишҷӯдухтарони курси 3-юми дорои сифатҳои ташаббускорӣ, ташкилотчӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта пешниҳод гардида соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд.

Шуъбаи тарбия, бахши кор бо духтарону

занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

z 251.jpg - 5.56 Mb z 252.jpg - 5.54 Mb z 253.jpg - 6.52 Mb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj