ЗИНАТУ ҲУСНИ ҶАВОНИСТ ЧАКАН Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар ҷаҳонбинии ҷавонони кишвар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ пайваста чорабиниву озмунҳо мегузаронад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, чакан ба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Аз ин рӯ намоиши маҳорати чакандӯзии ҳунармандони чирадасти тоҷик дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташкил ва баргузор гардид, ду нафар донишҷӯдухтарони курси дуюми факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур - Давлатмуродова Ширин Ривоҷиддиновна ва Мирзоева Фарида Ҳабибуллоевна дар Фестивал – намоиши ҷумҳуриявии «Зинату ҳусни ҷавонист чакан» аз рӯйи чор шарт фаъолона иштирок карда, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва тӯхфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Бахши кор бо духтарону занони ДДОТ Г. Саидова
|