There are no translations available.
АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…
Аз ин рӯ, ҳама сола ҳафтаи аввали моҳи октябр "Рӯзи муаллим" дар сар тосарии кишвари маҳбубамон баргузор мегардад. Имрӯз (03.10.2019) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ "Рӯзи муаллим" бо шукуҳи хоса таҷлил гардид. Нӯъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳи мазкур ҳамаи устодони донишгоҳро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, ба устодон туҳфаҳои хотирмонро тақдим намуданд. Шоире барҳақ фармуда, ки: Муаллим роҳбари илми замон бошад, Муаллим рӯҳбахши одамон бошад. Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад. Кунад парвоз инсон дар само нотарс, Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад. Расонад одамонро бар муроди хеш, Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад. Дар охири чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ табъи ҳозиринро шод намуданд. Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|