There are no translations available.
ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ (дарси кушод)
Иштироки хонандагон дар курси 1 таҳсилоти ибтидоӣ (тоҷикӣ) 95 % ташкил дод. Дар дарси кушод декани факултет М.Мадатзода, дотсентон Бегимов Ҳ., Тураев Ё., Раҷабов Т., А. Ғаффоров ширкат намуданд. Дарс дар сатҳи баланд баргузор шуда ҷабҳаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошт. Устод Раҳимов дар рафти дарс аз тавсифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, аз ҷумла «Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Ҳамчунин сухани устод Лоиқ дар бораи бузургдошти забон хотирони аҳли аудитория шуд: «Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст». Дар дарс 8 нишонаи забони адаби қайд шуд ва тавассути тахтаи электронӣ намоиш дода шуд. Донишҷӯён низ дар рафти дарс фаъолияти хуб нишон дода ба саволҳо ҷавоб гуфтанд. Ҳамчунин донишҷӯён Камолова Идигул, Раҷабова Хушнуда, Қаюмова Шаҳноза, Нусратзода Нозофарин ва дигарон дар васфи забони шеърҳо қироат намуданд. Мутахассиси сомонаи донишгоҳ Каримов Баҳодур
|