There are no translations available.
Омӯзгор - тарбиятгари насли наврас
Ҳаки устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст. Донишҷӯён бо қироати шеъҳо дар васфи омӯзгор, табрикотномаҳо бо забонҳои хориҷӣ, сурудани шеър, рақси миллӣ ва инчунин намоиши як саҳнаи шавқовару ҷолибро, ки ҷиҳати тарбиявӣ ва ахлоқӣ дошт ва ҳамзамон аз ҳайёт ва фаъолияти имрӯзаи донишҷӯён ва омӯзгорон шаҳодат медод бо як самимияти хоса манзури бинандагон намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет, дотсент Баротзода Файзиддин баромад намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ ва инчунин ба иштирокчиён миннатдорӣ баён намуда, ба омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси англисӣ – кореягӣ ва англисӣ - хитоӣ дар омӯзиши забон бурдбориҳо таманно намуданд. Донишҷӯён барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо ифтихорномаи садорати факултети забони англисӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар базми ишқ шамъи фурузон муаллим аст, Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст. Он боғбони гулшани андешаҳои жарф, Парвардигори руҳи ҳакимон муаллим аст. Муаллимаи кафедра, Фарзонаи Раҳмон
|