• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РӮЗИ ФАЛАК


"Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то

замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд."

(Эмомалӣ Раҳмон)

IMG_9738.JPG - 95.14 KbФалак жанри мусиқии қадимаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фалак” мақоми шоистаро соҳиб гардид. Барои ҳифзи мероси қадима бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб иди “Рӯзи Фалак” баргузор мегардад. Айни ҳол “Фалак” – ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги тоҷикон меомӯзанд. Акнун омӯзиши “Фалак” дар сатҳи байналмиллалӣ амалӣ мегардад. Ҳамасола рӯзи 10 – уми октябр дар тамоми ҷумҳурӣ “Рӯзи Фалак”-ро ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба  “Рӯзи Фалак” баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, устодони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд. Барои болидарӯҳии онҳо шеъру сурудҳои фалакӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳо суруда шуд, ки ба ҳозирин писанд омад.

Мутахассиси сомонаи донишгоҳ

Каримов Б.

IMG_9739.JPG - 99.49 Kb IMG_9743.JPG - 87.32 Kb IMG_9748.JPG - 97.58 Kb IMG_9751.JPG - 89.25 Kb IMG_9754.JPG - 87.79 Kb IMG_9759.JPG - 86.01 Kb IMG_9765.JPG - 96.34 Kb IMG_9767.JPG - 91.70 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj