There are no translations available.
Мушкилоти забони ишора ва роҳҳои омӯзиши он дар оила барои кӯдакони мушкилоти шунавоӣ дошта
Мақсад аз баргузории ин мизи мудаввар пайдо намудани роҳҳои ҳали мушкилоти ношунавоён дар оила, баланд бардоштани ҳуқуқу манфиятҳои волидайн оиди барқарор кардани муошират бо воситаи забони имову ишора ва аз байн бурдани ҳар гуна маслиҳатҳои нодурусти табибону мутахассисони соҳа ки боиси мушкилоти сахти волидайн мегардад, мебошад. Хотирасон менамоем, ки солҳои охир теъдоди зиёди кӯдакони ношунаво дар ҷумҳурӣ зиёд шуда мушкилотҳо пеши ҳам омада истодаанд. Агар мо имрӯз аз никоҳи хешу таборӣ ҳарф занем, аммо омили дигар вуҷуд дорад, ки кӯдакон ба мушкилотҳои шунавоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ин бемориҳои гуногун ва гузаронидани сӯзандору мебошад. Таҳлилҳои охир нишон доданд, ки дар вақти гузаронидани пурсишнома ки қариби 400 нафар волидайн иштирок кард 207 нафари онҳо иброз доштанд, ки фарзандони мо асосан аз гузаронидани сӯзандору ношунаво шуданд. Пас имрӯз бо баҳонаи хешу таборӣ садҳо кӯдакон ношунаво ва ё бо дигар маъюбият аз гузаронидани сӯзандоруҳо гирифтор шуда ҳаёти чандин оилаҳоро хира гашт. Мушкилоти дигар ин аз тарафи марказҳои барқарори овоз ва шунавоии марказҳои дигари хусусӣ ва сурдопедагогҳои собиқ шуравӣ манъ кардани истифодаи забони ишора мебошад ки гуё истифодаи забони ишора дар инкишофи нутқи кӯдакон мушкилот эҷод менамояд. Аз тарафи дигар волидайнро дилпур менамоянд, ки баъди чанд сол фарзанди шумо гуё шуда мушкилотҳоятон ҳал хоҳанд шуд. Аммо ин ақидаҳо асоси воқеӣ надошта, баръакс забони ишора дар рушди тафаккури кӯдакони ношунаво нақши калон дошта дар баланд бардоштани саводомӯзии ношунавоён ёрии ҳаматарафа мерасонад. Барои хамин мутахассисони соҳа, духтурон забони ишораи ин кӯдаконро манъ накарда ба волидайн маслиҳатҳои дуруст диҳанд. Дар рафти ин мизи мудаввар ҳамаи ин масъалаҳо барассӣ шуда қарори дахлдор қабул карда шуда ба вазорату кумитаҳои дахлдор пешниҳод мешаванд. Хотирасон месозем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамасола чунин чорабиниҳоро дар донишгоҳ роҳандозӣ намуда ба маъюбон кӯмакҳои пуливу молӣ мерасонад. Худи ҳамин рӯз хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барномаи фарҳангӣ бо имову ишора намоиш дод шуд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ ва дастархони идона ба хонандагон тақдим карда шуд. Кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир
|