• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ХАТАРҲОИ МУОСИРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

IMG_0187.JPG - 6.08 MbИмрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои террористиву экстремистӣ таҳдид мекунад ва барои пешгирӣ аз он бояд дар якҷоягӣ мубориза бурд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол   пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм   ва экстремизм бо таъкиди хос   ҳушдор дода буд. Дар ҳақиқат ҳам  ду мафҳум- терроризм ва экстремизм дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Борҳо шоҳид ба он гардидаем, ки терроризм ва экстремизм монеи пешрафти кишварҳои мутаррақӣ, сабаби қатли ҳазорҳо тифлони маъсум ва аҳолии осоишта гаштааст. Фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланди байналмилалӣ таъкид карданд, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.”

Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (21.10. 2019) дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси факултети таърих семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Хатарҳои муосири экстремизм ва терроризми байналмилалӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону меҳмонон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Семинари мазкурро ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир Каримович ифтитоҳ намуда, доир ба тероризм ва экстремизм суханронӣ намуданд. Мавсуф дар ҷараёни баромади худ донишҷӯёнро бар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм даъват намуда, дурӣ ҷусатан аз ин ду падидаи хатарзои ҷомеаро таъкид намуданд.

Сипас, д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалии Бозор дар мавзӯи “Терроризм ва экстримизм: заминаҳои пайдоиш ва роҳҳои муқовимат бо онҳо” маъруза намуданд.

Дар семинари мазкур ҳамчунин омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Д. дар мавзӯи “Терроризм ва ифротгароии динӣ” ва донишҷӯи курси 5-ум Бадриддинов Ф. дар мавзӯи “Таҳдидҳои экстремизм ва терроризм ба амнияти миллии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Дар охири семинар муҳокимарониҳо дар атрофи мавзӯъ сурат гирифта, донишҷӯён низ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Сомонаи донишгоҳ

 

IMG_0192.JPG - 6.29 Mb IMG_0187.JPG - 6.08 MbIMG_0194.JPG - 5.65 Mb IMG_0198.JPG - 5.65 Mb

 

IMG_0202.JPG - 5.85 Mb IMG_0206.JPG - 4.96 Mb IMG_0210.JPG - 6.00 Mb IMG_3167.JPG - 5.07 Mb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj