• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

21.JPG - 76.16 KbКоррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи инкишофи тамоми ҷодаҳо гаштааст. Барои мубориза бо ин амали номатлуб бояд ҳар як шахси ватандӯст мубориза барад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Имрӯз 23.10.2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласа оиди муқовимат бо коррупсия бо иштироки васеи омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он ду нафар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Абдукарим Асрориён ва Шамсиддинзода Насим Шамсиддин -  Сарнозирони сарраёсати коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳузур доштанд. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир Каримович оғоз бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт.

Мавсуф дар бораи мубориза бо коррупсия чанде сухан намуда, риштаи суханро ба Сарнозири сарраёсати коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – Маҷидӣ Абдукарим дод. Муҳтарам Маҷидӣ Абдукарим дар бораи фармоиши муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2019, №90 таъмини иҷрои банди 4-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва ҳамчунин доир ба амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.

Сомонаи донишгоҳ

19.JPG - 95.49 Kb 20.JPG - 81.79 Kb 22.JPG - 100.14 Kb 23.JPG - 89.62 Kb 24.JPG - 67.70 Kb 25.JPG - 59.29 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj