• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ ШИРКАТИ ТСЕЛ БО ДОНИШҶӮЁН

44.jpg - 106.43 KbСанаи 25.10.2019 намояндагони ширкати Тсел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, Директори самти тиҷоратии ширкати Тселл - Шараф  Маҳмудов, эксперти самти иттилоотии шуъбаи маркетинги ширкат - Хоҷаев Хилватшо, эксперти самти тиҷоратии минтақаи шаҳри Душанбе - Далер Мирзоев, роҳбари нуқтаи фурӯш - Холмат Джурабаев ва омӯзгорону донишҷӯён ҳузур доштанд.  Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур тарзи дурусту  саҳеҳ тайёр кардани санадҳо, аз ҷумла, муаррифинома (презентатсия)-ҳои мухталиф барои донишҷӯён, тартиб додани ҳуҷҷати лозима, ҳолнома (CV) ва ғайраро, ки ҳангоми ба кор қабул шудан, ба ин ё он сохтор ниёз доранд ба роҳ монда шуда  буд.

Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусонҷонзода Ҷ.М. меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, онҳоро ба донишҷӯён шинос намуданд ва риштаи суханро ба намояндаи ширкат Шараф Маҳмудов -  директори самти тиҷоратии ширкати Тселл доданд. Шараф Маҳмудов дар бораи фаъолияти ширкат ва тарзи ба кор қабулкунии шаҳрвандон сухан намуданд. Сипас, Хоҷаев Хилватшо дар баромади худ дар бораи муаррифинома (презентатсия)-ҳои мухталиф барои донишҷӯён, тартиб додани ҳуҷҷати лозима, ҳолнома (CV)  равшанӣ андохтанд.

Дар охир аз тарафи ширкат, ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Н. У. ва як қатор кормандону  донишҷӯёнро  бо СИПОСНОМА,  симкортҳои ширкати Тселл ва либосҳои муррификунандаи Тселл қадрдонӣ намуданд.

Шуъбаи тарбия

 

46.JPG - 99.10 Kb 47.JPG - 77.60 Kb 48.JPG - 87.83 Kb 52.JPG - 56.63 Kb49.JPG - 83.68 Kb 50.JPG - 76.60 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj