• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

«Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон»

(Мизи мудаввар)

IMG_0708.JPG - 95.39 KbБо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик дар таърихи 30-юми октябри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳ соати 1100 бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.

Доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Пирумшоев Ҳ. П. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз ба туфайли талаби рӯзафзуни бедорфикрон, пофишории фарзонамардони тоҷик 6 июни соли 1929 Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии ҲК(б) ИҶШС ахбороти ҶМШС Тоҷикистонро доир  ба дастовардҳои иқтисодию маданӣ шунида , чунин қарор баровард:

«Дар назардошти бомуваффақият таъмин намудани тараққиёти иқтисодию мадании Тоҷикистон, масъалаи аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ҷудо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайати ИҶШС ҳамчун Ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ ҳамроҳ кардани он ба мақсад мувофиқ шуморида шавад».  Таъсиси ҶШС Тоҷикистон баъди мухторият дуюмин қадами ҷиддие буд дар роҳи худшиносии миллии тоҷикон, зарбаи дигаре буд ба муқобили душманони миллати тоҷик, махсусан ба муқобили туркпарастон ва хоинони миллат.

Оид ба ин масъала н.и.т., дотсент Сайнаков С. дар мавзӯи «Инъикоси раванди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар таърихнигории замони истиқлолият» суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки ҳақиқати таърихиро  бо осонӣ аз ёдҳо рабудан ба касе муяссар нашудааст. Гардиши бузурги инқилобии асри гузашта бо ҳар восита дар ҳама самтҳо аз худ дарак медиҳад. Дар таърихнигории замони истиқлолият ба азнавсозиҳои иҷтимоии замон  баҳои муносиб дода шудааст.

Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т., дотсент Фозилова М.З. дар мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои маълумотнокии занон дар солҳои барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон» оид ба маълумотнокии занон ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси касбӣ аз ҳисоби занон баромад намуданд.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин н.и.т., дотсент Ганҷакова М. дар мавзӯи “Назаре ба таърихи таъсисёбии пойтахти ҶМШС Тоҷикистон”, н.и.т. Зарипов Н. дар мавзӯи “Аббос Алиев-ходими барҷастаи сиёсию фарҳангӣ”  ва дигарон баромад намуданд.

Дар охир   декани факултети таърих н.и.т.,  дотсент Муродзода А.А. кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда чунин қайд намуданд, ки имрӯзҳо мо шукронаи истиқлолияти комил дорем, бори  дигар ба ин падидаи ҳалкунанда назар карда, тасодуф набудани ин зинаи ниҳоят ифтихорманди таърихии хешро эҳсос намудем.  Маълум аст, ки дар муддати 90-  соли  зинаи ҳалкунандаи давлатдории мо зарурату манзалати таърихии ҳуҷҷатҳои тақдирсоз барои ташаккули миллату давлатдории тоҷикон мусоидат намуда, заминаҳои воқеии истиқлолияти комилро гузошта тавонистанд.

 

Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик,

н.и.т., дотсент    Фозилова М.З.

 

IMG_0711.JPG - 77.85 Kb IMG_0714.JPG - 87.83 Kb IMG_0712.JPG - 82.10 Kb IMG_0724.JPG - 62.03 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj