• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат

IMG_0851.JPG - 93.04 KbТибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи забони франсавӣ рӯзи 31.10.2019 дар толори фарҳангии ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат», бахшида ба солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намуд. Барои иштирок дар чорабинии илмӣ мутахассисону олимон аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ даъват гардида буданд. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия дар толори фарҳангии донишгоҳ рӯзи 31.10.2019 аз соати 14.00 то соати 15.00 баргузор гардида, дар он ректори донишгоҳ, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, олимону мутахассисон аз дигар муассисаҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва факултети забонҳои романӣ-германӣ иштирок доштанд. Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Н. Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, баъдан сардори Раёсаи илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Н. Бӯризода, мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ, дотсент С. Султонзода ва профессори кафедраи забони олмонии донишгоҳ Х. Сайфуллоев суханронӣ намуданд. Бо ҳамин ректори донишгоҳ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро пӯшида, кори конференсия дар факултети забонҳои романӣ-германӣ дар ду бахш аз соати 15.30 то 17.30 ҷараён гирифт. Профессор Х. Сайфуллоев дар бахши методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд. Дар бахши масъалаҳои забоншиносӣ ва робитаҳои адабӣ бошад, дотсент С. Султонзода расмӣ намуда, дар рафти баррасии маърӯзаҳо баҳсҳои ҷолиби диққати илмӣ ба миён омад. Дар охир, ҳарду бахш якҷоя шуда, барои дар оянда беҳтар намудани сатҳу сифати таълими забонҳои хориҷӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар самти забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ, робитаҳои адабию нақди адабӣ ва тарҷумашиносӣ ба хулосаҳои зарурӣ омаданд.

Маводи конференсия дар ҳаҷми 332 саҳифа ба нашр расида, аз 59 маърӯза иборат аст. Маърӯзаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардидаанд.

Мудири кафедра С. Султонзода

 

IMG_0830.JPG - 89.39 Kb IMG_0829.JPG - 91.06 Kb IMG_0832.JPG - 90.59 Kb IMG_0840.JPG - 75.98 Kb IMG_0844.JPG - 90.38 Kb IMG_0828.JPG - 89.36 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj