• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

(олимпиада)

54.jpg - 488.85 KbДар санаи 01.11.2019 дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории .Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети забони англисӣ олимпиадаи факултативӣ  аз фанни забони англисӣ байни донишҷӯёни курсҳои 1- ум то 4 –уми факултети мазкур бо роҳбарии муовини декан оид ба илм Ғуломов Наимҷон ва омӯзгори соҳибзабон аз сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Денни Лем гузаронида шуд.

Дар олимпиади  мазкур 35 нафар аз донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд, ки аз ин шумора  10 нафарашон ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

  1. Чун ҳамасола донишҷӯёни мо бо як рӯҳияи баланд  ва омодагии комил дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  иштирок меварзанд ва ҷойҳои намоёнро низ ишғол менамоянд, ки ин бешак боиси ифтихор ва сарбаланди факултет мебошад.

Мақсад аз гузаронидани олимпадаи мазкур  байни донишҷӯён ин барои сайқал додани базаи луғавӣ ва истифодаи он дар нутқ, фаъол гардонидани малакаҳои грамматикӣ ва фонетикӣ,  мукаммал намудани маҳорати донишҷӯён дар ҳама гуна фаъолиятҳои нутқӣ, дар доираи шунавоӣ, гуфтор, хониш ва хат, ташаккули зеҳнӣ, маданияти шахсии донишҷӯ дар раванди таълими луғавии забони англисӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии филологӣ ва  маҳорати эҷодии донишҷӯ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳар як донишҷӯ барои сайқал додани маҳорату малакаи зеҳнӣ, зиёд гардонидани шавқу рағбат ва фаъолияти ӯ ба дарси забони англисӣ, қобилият ба эҷодиёт майл ба фан ва дӯст доштани касби ояндаи худ таъсири бағоят бузург мерасонад.

 

Муовини декан оид ба илм

Ғуломов Наимҷон

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj