• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Саразм-шаҳодатномаи миллати тоҷик

61.JPG - 75.56 KbДар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёби намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгории давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21-уми сентябри соли 2000-ум ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Аҳамияти муҳими Саразмро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ эълон намуданд.

 

Ҳамин тариқ тибқи нақша-чорабиниҳои садорати факултети химия санаи 4-уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ибтикори аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешво»-и Созмони ҷавонони факултети химия конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ёдгории Саразм-шаҳодатномаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар кори ин конференсия муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Мирзораҳимов Акобир, сармутахассиси шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Мардонзода Ҷобир, декани факултети химия Муҳаммадсалим Усмонов, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгори ҷавон»-и донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ, роҳбари маҳфили «Пайравони Пешво»-и Созмони ҷавонони факултети химия Абдураҳмонзода Абдулхайр ва инчунин мудирони кафедраҳои факултет, омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханрони намуданд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмӣ муҳтарам Мирзораҳимов Акобир суханронӣ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба конференсия ҳусни оғоз бахшиданд.

Декани факултети химия  муҳтарам Усмонов Муҳаммадсалим дар мавзӯи «Пайдоиши аввалин бозёфтҳои қадима дар Саразми бостон» маърӯза намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти аввалин экспедитсияҳои илмӣ дар ин мавзеи таърихии кишвар маълумоти муфассал доданд. Бояд қайд кард, ки тобистони имсол омӯзгорону  донишҷӯёни донишгоҳ ба ин мавзеи таърихии кишвар сафарбар гардида буданд. Бинобар ин сармутахассиси шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Мардонзода Ҷобир дар мавзӯи “Ташаббуси бесобиқаи ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба таҷрибаандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар Саразми бостон" маърӯза намуда, доир ба таҷрибаандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ ва дастоварди омӯзгорони донишгоҳро назаррас арзёби намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки ин ҳама дастгириҳо, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода анҷом дода шуд, аз тарафи  омӯзгорону донишҷӯёни  донишгоҳ дастгирии ҷиддӣ ёфт. Ҳамчунин маърӯзаи роҳбари маҳфили «Пайравони Пешво»-и Созмони ҷавонони факултети химия Абдураҳмонзода Абдулхайр дар мавзӯи «Пайгирии роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар вобаста ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон» маърӯза намуда, доир ба  иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, доир ба тасдиқи рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ  маълумот доданд. Мавсуф қайд намуданд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 млн сомонӣ болопӯш ва атрофи он бо  панҷарадевор иҳота карда шуд. Инчунин аз суханони пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат  иқтибос оварда, хизматҳои Президенти кишварро хеле назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия филми мустанади «Саразм», ки аз ҷониби идораи «Тоҷикфилм» бахшида ба 5500-солагии ҷашни Саразм ба навор гирифта шудааст, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Абдураҳмонзода Абдулхайр, роҳбари маҳфили «Пайравони Пешво»-и

Созмони ҷавонони факултети химияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 

61.JPG - 75.56 Kb 60.JPG - 100.60 Kb 65.JPG - 95.28 Kb 62.JPG - 89.95 Kb 63.JPG - 60.66 Kb 64.JPG - 50.04 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj