• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Конститутсия-шиносномаи миллат

66.JPG - 83.83 KbСанаи 4-уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори куратори курси якуми ихтисоси химия-биология Шоҳрух Муҳиддинов дарси кушоди кураторӣ дар мавзӯи «Конститутсия-шиносномаи миллат» баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ муҳтарам Акобир Мирзораҳимов суханронӣ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба фарорасии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда, доир ба таърихи қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Баъдан аз тарафи донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ  маърӯзаҳо доир ба конститутсия баромад намуданд. Ҳамчунин дар идома  қисмати фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд. Дар фарҷоми ин дарси кушод декани факултети химия муҳтарам Усмонов Муҳаммадсалим баромад намуда, ба ин дарси кушоди  кураторӣ баҳои баланд  доданд.

 

Абдураҳмонзода Абдулхайр,

раиси созмони ҷавонони факултети химия


66.JPG - 83.83 Kb 67.JPG - 94.70 Kb 68.JPG - 91.33 Kb 69.JPG - 98.19 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj