• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

167.JPG - 97.23 Kb16-уми ноябри соли 2019 вобаста ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилотӣ томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори ҳайати устодони кафедра мудири кафедра Холмаҳмад Раҳимӣ, дотсентон Ҳамза Боқиев, Абдушукур Ғаффоров, мудири кафедраи назария  ва методикаи таҳсилоти томактабӣ  ассистентон Каримов Баҳодур, Маҳмудов Муҳаммадҷон ва донишҷӯён конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Мудири кафедра Холмаҳмад Раҳимӣ дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ва муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон” баромади пурмазмуну пурмуҳтаво намуданд. Мавсуф зикр намуданд, ки Президенти фархундапай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳ овард. Тоҷикистонро аз як давлати ҷангзада ва иқтисодиёти паст ба як давлати ободу озод, мизбони чорабиниҳои сиёсию иқтисодию фарҳангии минтақа ва ҷаҳон табдил дод. Мардуми шарифу меҳнатдӯсти Тоҷикистон ба Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвонҳои олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донист ва шоирон дар бораи корнамоиҳои ӯ шеъру достонҳо эҷод намудаанд. Донишҷӯёни фаъол дар васфи Президент, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат намуданд.

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

162.JPG - 92.00 Kb 163.JPG - 88.02 Kb 164.JPG - 94.66 Kb

165.JPG - 50.70 Kb 166.JPG - 94.29 Kb 168.JPG - 94.75 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj