Пешвои миллат-ҳомии сулҳу ваҳдат Санаи 16-уми ноябр соли ҷорӣ дар кафедраи сиёсатшиносӣ бо ҷалби омӯзгорони кафедра мизи мудаввар зери унвони «Дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид. Нахуст мудири кафедра н.и.с., Бедилов Ҳ. суханронӣ намуда, тамоми омӯзгоронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас, мудири кафедраи фалсафа Бердиев Ш. суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дастоварди бунёдии аввал ин «Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон» ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, доир ба 9 дастоварди бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд. Зикирзода Ҳ., мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг доир ба ин рӯзи бисёр ҳам таърихии кишвар-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Ҳамин тариқ дар фарҷом муҳокимарониҳо миёни омӯзгорон оғоз гардида, доир ба чандин масъалаҳои муҳим суҳбат намуданд. Абдулхайр Абдураҳмонов, хабарнигори ҷамоатӣ
|