• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол

197.jpg - 1.28 MbДар толори Шурои олимон, санаи 16.11.2019 бахши магистратура ва докторантураи Раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ зери унвони «Иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Мирзораҳимов А., Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҳакимов Р., мудири бахши магистратура Ахиева С. ва мудири докторантура Бобокалонова Р. баргузор гардид. Дар ин конференсия 8 маърӯза аз тарафи магистрантон ва докторантон шунида шуд. “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабабҳои баргузории он”.- Маърӯзаи магистри курси 1-уми факултети таърих Шарифов Фарҳод

  1. "Ҷасорат ва зиракии сиёсӣ дар асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон". - Маърӯзаи магистри соли 1-уми факултети таърих Қурбонова Замира
  2. "Ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об". - Маърӯзаи магистри соли 1-уми факултети география  Аминов Хушбахт
  3. "Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  пешравиҳои илм ва маориф". - Маърӯзаи магистри соли 1-уми факултети биология Мансуров Муҳибулло
  4. "Саҳми роҳбари давлат дар сулҳу суботи тоҷикон". - Маърӯзаи магистри соли 1-уми факултети таърих Сангов Саидмуҳаммад
  5. "Ваҳдати миллӣ ва устувории ҷомеа". - Маърӯзаи магистри соли  1-уми факултети химия  Шамсиддинов Асҳобиддин
  6. “Хусусиятҳои идоракунии муассисаҳои олии касбӣ дар иқтисодиёти бозорӣ”.- Маърӯзаи докторанти курси 1-уми факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф Ҳамдамзода Забиоллоҳ
  7. “Мақоми сиёсати имрӯзаи Перезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таблиғи  омӯзиши забонҳои хориҷӣ”. - Маърӯзаи докторанти курси 1-уми факултети забонҳои романӣ-германӣ Пулотов Беҳрӯз

Дар аввал муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Мирзораҳимов А. конференсияро ифтитоҳ намуда таъкид бар он намуданд, ки  имрӯз бо гузашти 27 сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи ХУ1 – уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд.

Тамоми маърӯзаҳои пешниҳодшуда марбут ба мавзӯи конференсия бахшида шуд, ки иштироккунандагон ба худ як рӯҳияи илмӣ-маънавӣ гирифтанд.

Дар охири конфронс Ахиева С., Бобокалонова Р., Ҳакимов Р. хулосаҳои худро  мухтассар баён намуда, ба ҳамаи маърӯзакунандагон минатдории худро баён намуданд.

Ба ҳамаи ташкилкунандагон, маърӯзачиён ва иштироккунандагон минатдории худро бахши магистратура ва Раёсати илм ва инноватсия мерасонад.

 

196.jpg - 2.37 Mb 198.jpg - 2.19 Mb 199.jpg - 2.02 Mb 200.jpg - 2.60 Mb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj