• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Таҷлил аз рӯзи Парчами давлатӣ

230.JPG - 101.77 KbПарчами давлатӣ яке аз муқаддасоти  миллӣ ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар кишвари азизи мо, ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ҳамин тариқ дар санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи меҳмонон, омӯзгорон, кормандон ва инчунин донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Розиқ, мудири шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонов, сармуҳаррири нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе иштирок ва суханрони намуданд. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба роҳ монда шуда, писанди меҳмонону омӯзгорон гардид. Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ бо ифтихорномаҳои Раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода  суханрони намуда, тамоми ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик намуда, ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд.

 

 

Абдулхайр Абдураҳмонзода

 

206.JPG - 76.66 Kb 207.JPG - 85.23 Kb 208.JPG - 84.20 Kb 209.JPG - 73.25 Kb

210.JPG - 73.86 Kb 211.JPG - 112.39 Kb 212.JPG - 87.49 Kb 213.JPG - 98.01 Kb

214.JPG - 100.51 Kb 217.JPG - 89.90 Kb 218.JPG - 91.55 Kb 219.JPG - 99.44 Kb 220.JPG - 100.44 Kb 221.JPG - 94.54 Kb 222.JPG - 91.94 Kb 223.JPG - 89.88 Kb 224.JPG - 94.23 Kb 225.JPG - 86.28 Kb 226.JPG - 88.51 Kb 228.JPG - 104.01 Kb 229.JPG - 97.27 Kb 230.JPG - 101.77 Kb 231.JPG - 94.65 Kb 232.JPG - 93.23 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj