• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон

342.JPG - 184.16 Kb“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”

Эмомалӣ Раҳмон

Аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст. Дар ин рӯз, дидорбинии маъюбон ва амалӣ намудани иқдомҳои хайрхоҳонаю кӯмакҳо нисбати онҳо гузаронида мешавад.

Имрӯз 04-уми декабри соли 2019 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода  тамоми донишҷӯёни маъюбе, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил доранд бо маблағи 200 сомонӣ қадрдонӣ намуданд, ки ин аз ғамхории Ректори донишгоҳ нисбати донишҷӯёни маъюб шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз ҳуқуқу имтиёзоти сокинони кишвар, бахусус табақаи осебпазир аз қабили маъюбон, ятимону барҷомондагон, ниёзмандону калонсолон маҳз зери пуштибонии ҳукумати кишвар қарор гирифтаанд ва хоҳанд гирифт.

 

336.JPG - 149.41 Kb 337.JPG - 160.54 Kb 338.JPG - 156.08 Kb

339.JPG - 204.09 Kb 340.JPG - 159.46 Kb 341.JPG - 165.79 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj