Курси омӯзишии «Духтарони сарвар» ҷамъбаст гардид Бахши кор бо духтарону занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мунтазам бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои судманд дорад. Бинобар ин, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва нақшаи амалии он дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз санаи 3–юм то 18 декабри соли 2019 дар толори «Маркази ҷавонон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт курси омӯзишии «Духтарони сарвар» барои донишҷӯдухтарони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амал кард, ки дар он 9 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дорои сифатҳои ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол, иштирок намуда, бо муваффақият онро хатм карда, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Шарифзода Наргис бо «Гувоҳнома» сарфароз гардонида шуда, ба захираи кадрӣ ворид карда шуданд. Бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Г.
|