• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!

202.JPG - 294.50 KbИмрӯз ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва шахсияти барҷаста, чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, дар пояи нимпайкараи ин абармарди оламшинос  гулчамбар гузошт. Дар аснои маросими гулчамбаргузорӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ аз қабили Ҷамила Мӯсоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон ҳамроҳӣ доштанд.

Сипас, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо ҳайати ҳамроҳикунанда ба Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ ташриф оварда, дар зери нимпайкараи дигари устод Садриддин Айнӣ низ, боз як гулчанбари дигар гузошт. Ректори донишгоҳ дар чорабинии пешбинишуда иштирок ва суханронӣ намуда, аз умдатарин хизматҳои пурарзиши ин Қаҳрамони миллати тоҷик андешаронӣ намуд. Чорабиниро суханронии устодони болозикр ва қироати шеъру порчаҳои мансур аз осори устод Садриддин Айнӣ шукӯҳи тоза бахшид. Бояд зикр кард, ки дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик порчае аз ҳаёти  устод Садриддин Айниро дар саҳна бо фарогирии сарулибос ва симои онвақтаи ӯ пешкаши аҳли нишаст сохтанд, ки ба ҳақиқати аслии ҳаёти шоир сахт шабоҳат дошт.

Анҷомсухани чорабиниро Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, бо миннатдорӣ аз аҳли чорабинӣ ба анҷом расонид.

Суратгузориш аз чорабинӣ дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ:

191.JPG - 230.35 Kb 192.JPG - 253.40 Kb 193.JPG - 315.77 Kb 194.JPG - 197.16 Kb

195.JPG - 227.80 Kb 196.JPG - 198.87 Kb 197.JPG - 177.01 Kb 198.JPG - 210.11 Kb

199.JPG - 187.72 Kb 200.JPG - 212.92 Kb 201.JPG - 219.46 Kb 203.JPG - 218.69 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj