There are no translations available.
Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён дар факултетҳои таърих ва филологияи тоҷик
Конференсияи мазкур аз рӯи нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва барномаи он дар кафедраи таърихи умумӣ ва кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва кафедраҳои факултети филологияи тоҷик санаи 23. 04. 2020 с. баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва иноватсия, дотсент Ҳ. Раҷабов, мудири бахши магистратура С.Ахиева, сармутахассиси раёсати илм Мусаммирова З. ва дигар намояндагону мутасаддиёни зерсохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд. Мувофиқи барнома 34 маърӯзаи устодону донишҷӯён дар факултети таърих ва 31 маърӯза дар факултети филологияи тоҷик ба нақша гирифта шуда буд. Кушодашавӣ ва роҳбарии коференсияро дар ин факултетҳо: -н.и.т., дотсент Сайнаков С. П., -д.и.т Ҳусейнов А., д.и.ф, профессор Ш. Солеҳов бар ӯҳда доштанд. Конференсия бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва устодону донишҷӯёни ин факултетҳо бо саволу ҷавобҳои дақиқу амиқу ҷолиб сурат гирифт. Суратгузоришҳо аз рафти баргузории конференсия дар факултетҳои таърих ва филологияи тоҷик:
|