• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Оғози соли таҳсил дар донишгоҳ

315.JPG - 279.58 KbМувофиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз 17-08-2020 Рӯзи дониш ва дарси сулҳ оғоз гардид.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дар рӯзи аввали соли таҳсилӣ тамоми имкониятро барои донишҷӯён ва омӯзгорон омода намудааст. Аз даромадгоҳи асосии донишгоҳ сар карда тамоми даромадгоҳҳо бо навбатдорҳои доимӣ ва маводҳои антисептикӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар даромадгоҳҳои ҳама факултетҳои донишгоҳ низ аз тарафи омӯзгорон навбатдор таъйин карда шудааст. Ҳамчунин, навбатдорҳо бо ҳароратсанҷи фосилавӣ ва маводи антисептикӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, ки яке аз роҳҳои асосии гузаштани бемории коронавирус риоя накардани фосилаи байни якдигар мебошад, дар синфхонаҳои донишгоҳ тамоми дарсҳо бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва гузоштани ниқоби тиббӣ гузашта истодааст. Бояд гуфт, ки донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ  бо риояи ҳатмии тавсияҳои табибон амал намуда, соли нави таҳсилро бо рӯҳияи болидаву дили саршор аз меҳри Ватан оғоз  намуданд.

 

312.JPG - 262.21 Kb 313.JPG - 199.05 Kb 314.JPG - 221.49 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj