• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Бароям ҳарф омӯхтӣ, дареғо,  ҳарфомӯзам!

5.png - 423.84 KbСубҳи 20-уми августи соли 2020 хабари нохуши марги ногаҳонии устоди донишгоҳ  Пирназаров Алиназар Турдиназарович, ба мо расид ва вуҷуди моро кони ҳасрату чашмони моро саршори ашк намуд. Зеро ин марди донишманд ва заҳматпеша тавонист, ки  дар раванди фаъолияти меҳнатиаш дили ҳампешагону шогирдонро ба даст орад.

Пирназаров Алиназар Турдиназарович,  12-уми марти соли 1957 дар деҳаи  Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Солҳои 1974-1979 донишҷӯи (имрӯза) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи  А. Рӯдакӣ буд. Солҳои 1979-1991- муаллими кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо  ва МТМ ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, солҳои 1991-2002-муаллими калони кафедраи методикаи таҳ силоти ибтидоии ҳамин муассиса будааст. Солҳои 2002-2004-муаллими калони кафедраи математикаи олии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, солҳои 2004-2008 - муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ, солҳои 2008-2011-сардори шуъбаи низоми кредитии ДДОТ ба номи С. Айнӣ буд.  Солҳои  2011-2014  дар вазифаи дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ кор карда аст. Аз соли 2014-2016-мудири кафедраи математикаи олии ДДК ба  номи А. Рӯдакӣ буд. Аз соли 2016-2019  ҳамчун дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии  ДДТТ  ва аз  соли 2019 то имрӯз, ба ҳайси дотсенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии  ДДОТ ба номи Садриддин  Айнӣ фаъолият карда аст. Ӯ муаллифи зиёда аз 180 кори илмию методӣ, ва 30 дастури таълимӣ мебошад.

Хотираи дурахшони Пирназаров Алиназар Турдиназарович дар замири мо - ҳамкасбону шогирдонаш то абад боқӣ хоҳад монд. Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ҷиҳати марги нобаҳангоми устод Пирназаров Алиназар Турдиназарович сахт андӯҳгин буда, ба устод дар роҳи сафари охират оромиши абадӣ хоставу ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил орзу менамояд.

Ба қавли шоир:

Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест,

Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир!

Алвидоъ, Пирназаров Алиназар Турдиназарович!

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj