Бароям ҳарф омӯхтӣ, дареғо, ҳарфомӯзам! Субҳи 20-уми августи соли 2020 хабари нохуши марги ногаҳонии устоди донишгоҳ Пирназаров Алиназар Турдиназарович, ба мо расид ва вуҷуди моро кони ҳасрату чашмони моро саршори ашк намуд. Зеро ин марди донишманд ва заҳматпеша тавонист, ки дар раванди фаъолияти меҳнатиаш дили ҳампешагону шогирдонро ба даст орад. Пирназаров Алиназар Турдиназарович, 12-уми марти соли 1957 дар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Солҳои 1974-1979 донишҷӯи (имрӯза) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ буд. Солҳои 1979-1991- муаллими кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо ва МТМ ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, солҳои 1991-2002-муаллими калони кафедраи методикаи таҳ силоти ибтидоии ҳамин муассиса будааст. Солҳои 2002-2004-муаллими калони кафедраи математикаи олии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, солҳои 2004-2008 - муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ, солҳои 2008-2011-сардори шуъбаи низоми кредитии ДДОТ ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2011-2014 дар вазифаи дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияи ДДТТ кор карда аст. Аз соли 2014-2016-мудири кафедраи математикаи олии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ буд. Аз соли 2016-2019 ҳамчун дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ ва аз соли 2019 то имрӯз, ба ҳайси дотсенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият карда аст. Ӯ муаллифи зиёда аз 180 кори илмию методӣ, ва 30 дастури таълимӣ мебошад. Хотираи дурахшони Пирназаров Алиназар Турдиназарович дар замири мо - ҳамкасбону шогирдонаш то абад боқӣ хоҳад монд. Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ҷиҳати марги нобаҳангоми устод Пирназаров Алиназар Турдиназарович сахт андӯҳгин буда, ба устод дар роҳи сафари охират оромиши абадӣ хоставу ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил орзу менамояд. Ба қавли шоир: Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест, Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир! Алвидоъ, Пирназаров Алиназар Турдиназарович!
|