• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ХӮШАИ ИЛМ АЗ СУРАЙЁ ЧИДААСТ...

6.png - 812.78 KbСанаи 20.08.2020 олим, файласуф ва омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забони фаронсавӣ Султонзода Соқӣ Аслон рисолаи докториашро зери унвони “Масъалаҳои материя ва атрибутҳои он дар фалсафаи Ибни Сино ” дар назди Шӯрои диссертатсионии рисолаҳои доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарбаландона дифоъ намуд. Бояд зикр кард, ки Султонзода Соқӣ Аслон то ба зинаи дарёфти дараҷаи илмии рисолаии докторӣ солҳои 2007-2009 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафаи донишгоҳ буд. Солҳои 2010-2011 магистранти Донишгоҳи Париж-8, дар Фаронса буда, рисолаи магистириашро дар мавзӯи “Ибни Сино аз назари файласуфони Фаронса” бо нишони “Аъло” дифоъ намудааст. Соли 2012 бошад, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ибни Сино дар суннатҳои фалсафии Фаронса” дар назди Шӯрои диссертатсионии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсати ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ ҳимоя намудааст. Султонзода Соқӣ Аслон дар тарҷума ва таҳриру таълифи маҷаллаи “Навруста”-и донишгоҳ саҳми назаррас дорад.

Рӯйхати асарҳо ва корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методии Султонзода С. А. бештар аз 50 номгӯйро ташкил медиҳанд. То ин вақт 4 монография ба нашр расонидааст, аз ҷумла 2 монографияи номбурда дар шаҳри Саарбрюкени Олмон, яке бо забони русӣ ва дигаре бо забони фаронсавӣ нашр шудаанд.

Султонзода Соқӣ Аслон дорандаи ҷоизаи Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, раисии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Фаронсаро дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро бар ӯҳда дорад. Борҳо барои таҳсилу такмили ихтисос ва иштироку суханронӣ дар конфренсияю форумҳои байналмилалӣ ба як қатор кишварҳои дуру наздик сафар анҷом додаву иштирок намудааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj