• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ДАРЕҒО, ГУЛНАЗАР ҲАМ АЗ НАЗАР РАФТ!

 

20.png - 726.01 KbДар факултет филологияи тоҷик бо ибтикори садорати факултет ва кафедраҳои он ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ сараввал декани факултет, Восиева Рухшона доир ба ҳаёту фаъолият, мақому шахсият, муҳимияти нақши эҷодии ин абармади таърихӣ баромад намуда, зикр кард, ки шоирони шаҳире чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва дигарон, ки тамоми умри пурбаракати худро фидои миллату давлат намудаанд, қарзи виҷдонӣ ва инсонии мо мебошад ва месазад, ки баҳри поси хотири эшон нишасту маҳфилҳо ташкил намуд, аммо чӣ тавон кард, ки ба қавли Саъдии бузург: “Як Умри ҳазорсола бояд, То ман яке аз ҳазор гӯям”, зеро маҳз  ҷонкоҳиҳои ин суханварон буд, ки ғунчаи сухану маънӣ дар чамани ҳар даҳан шукуфт. Ҳамчунин, декани факултети мазкур иловатан зикр намуд,  ки шоири маҳбуби мо Гулназар Келдӣ дар миёни дигар адибони муосир барои эҷод, бандубасти ба мавқеи суруди миллӣ машҳури ҷаҳон гардидааст.

Сипас мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, профессор Солиҳов   Шамсиддин доир ба рӯзгор ва осори устод Гулназар ёдоварӣ намуда оиди аввалин маҷмӯи шеърҳои шоир «Расми сарбозӣ», ки соли 1969 ба табъ расидааст, ибрози назар намуд.

Инчунин, мунаққиди осори Гулназар Келдӣ, Равшани Ҳамроҳ, ки рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Поэтикаи ашъори Гулназар» дифоъ намудааст, бо илова аз хотироти латифу рангин суханрониҳо намуд.

Дар фарҷоми маҳфил дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Қурбонов Маҷид, муовини декан оид ба корҳои таълимӣ Умедҷони Лоиқшо бо маърӯзаҳо намудаву донишҷӯёни курси чорум бо қироати шеърҳои шоир ба маҳфил ҳусни тоза зам намуданд.

Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати даргузашти шоири маҳбуби дилҳо Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба аҳлу оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Суратгузориш аз хазинаи электронии Ректори донишгоҳ ва рафти маҳфили ёдбудӣ:

 

 

21.jpg - 51.94 Kb 22.jpg - 120.95 Kb 23.jpg - 109.94 Kb

24.jpg - 103.01 Kb 27.jpg - 102.25 Kb 25.jpg - 101.38 Kb

26.jpg - 103.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj