• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

34.jpg - 81.89 KbСатр-сатри дафтараш, эъҷози меҳр...

Боз як дастоварди дигари илмӣ насиби устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳадов Зайниддин Нажмиддинович, ҳамзамон, сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронии донишгоҳ гардид.

Аҳадов Зайниддин Нажмиддинович, соли 1988 факултети филологияи тоҷики институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намудааст ва тадқиқоти илмиашро дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии роҳ ва воситаҳои фаъолгардонӣ дар раванди омӯзиши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ» ба роҳ мондаву рисолаи илмии хешро сарбаландона ҳимоя намудааст. Маврид ба ёддоварист, ки устод Зайниддин Нажмиддинович, дирӯз, дипломи дараҷаи номзадии худро бо тавзеҳи чанд нуктаи таманниёти неку орзуҳои наҷиб аз ҷониби ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Н.У ба даст овард.Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дарёфти дараҷаи илмиро ба устоди пуртаҷриба муборак бод гуфта, чунин дастоварҳоро дар оғози соли таҳсил фоли нек медонад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj