• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

35.JPG - 74.17 Kb

Азизу хушдилу фархунда бошӣ!

Имрӯз, Зиёев Бунёд номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ, ҳамчунин, омӯзгори кафедраи баҳислбгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ба синни мубораки 33-солагӣ расид. Бояд зикр кард, ки Зиёев Бунёд тайи ин чанд соли охир дар бисёре аз вазифаҳои донишгоҳ адои вазифа намудааст. Дар раванди фаъолияти меҳнатиаш, бо коллективи донишгоҳ ва хоссатан бо донишҷӯён, муомилаи хубу неки инсонӣ ба роҳ мондааст. Ӯ инсони хоксору хайрхоҳ ва нексиришту покбин мебошад. Мо кулли кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Зиёев Бунёдро ба ин рӯзи мавлудаш аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ ва дар ҷодаи илм муваффақиятҳои беназирро таманно дорем.

Ҷавонӣ дафтари дасти ту бодо,

Ба боби пирияш бинвис ҷавонӣ.

Ҷавону тозаруву хубу барно,

Ҳазорон сол хушу хандон бимонӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj