• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Самар ҳар лаҳза мебахшад, ба боғи умр Истиқлол

Боз як «МАРКАЗИ ЗАХИРАВӢ» дар

назди факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ гардид.

36.JPG - 137.25 KbФакултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 1940 ташкил карда шуд. Аз он сол то ба имрӯз, садҳо хатмкардагони ин факултет дар соҳаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқу кишвар меҳнати софдилона карда, барои ободиву пешрафти он саҳми арзанда гузоштанд. То ба имрӯз омӯзгорони зиёде дар ин факултет ба донишҷӯён дарс гуфта, онҳоро барои ба роҳи дуруст қадам гузоштан ва дар ҷодаи илм сарфароз гардидан раҳнамоӣ кардаанд.

Аз соли 2007 то ба имрӯз, факултети забони англисӣ бо Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамкории судманди мутақобилаи хешро ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ, ҳамасола як нафар омӯзгори соҳибзабони (забони англисӣ), барои дарс гуфтан ба донишгоҳ ташриф меовард. Солҳои охир шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ барои беҳбудӣ бахшидан ба раванди таълим ва илмомӯзии мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад. Донишҷӯён аз хориҷи кишвар барои идомаи  таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магитсратура ва докторантура даъват карда мешаванд. Самараи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки дар соли хониши 2020-2021, бо дастгирии Ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У ва маблағгузории Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети забони англисӣ «Маркази захиравӣ» муҷаҳҳаз бо 5 адад компютер, 1 -адад телевизор, 1-адад принтери бисёрфунксионалӣ ва китобҳои дарсию бадеӣ ташкил карда шуда, рӯзи якуми сентябр бо иштироки  ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У ва намояндаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Таҳмина Ниёзова, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ А.Байдуллоев, декани факултети забони англисӣ Ф.Баротзода ва дигар меҳмонон расман ба кори худ оғоз кард. Дар расми кушодашавии ин марказ ректори донишгоҳ ба Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ва роҳбари бахши робита бо фарҳанги Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷаноби Алекс Наппи изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори марказ муваффақиятҳо ва бурдбориҳо таманно намуд. Баъдан, намояндаи сафорати мазкур Тахмина Ниёзова моҳияти фаъолияти марказро дар заминаи факултети забони англисӣ шарҳ дода ва қайд намуд, ки дар замони муосири рушди бемайлони техника ва технология фаъолият кардани чунин синфхонаҳо ва марказҳои захиравӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводи донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Баъдан, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п. дотсент Аъзамҷон Ибодуллоевич риштаи суханро ба даст гирифта, ба намояндагони Сафорати ИМА барои тӯҳфаи беҳтаринашон дар оғози соли таҳсил ва дастгирии бевоситаи молиявии онҳо ҷиҳати харидории таҷҳизотҳои босифат ва китобҳои дарсӣ- методӣ ва илмӣ-методӣ барои рушди касбияти омӯзгорони ҷавон ва донишандӯзии донишҷӯён минатдории самимии хешро изҳор дошт. Инчунин, Аъзамҷон Ибодуллоевич қайд намуд, ки суръати баланди интернет бо истифода аз компютерҳои пурқудрат ба омӯзгорон барои иҷрои корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва дастрасӣ ба фазои илмии кишварҳои хориҷ ва ба корҳои илмӣ тадқиқотии донишҷӯён ҳангоми омода ва таҳияи корҳои мустаъқилона, корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм мусоидат хоҳад кард. Дар охир декани факултети забони англисӣ н.и.ф. дотсент Ф.Баротзода низ ба намояндаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Таҳмина Ниёзова барои кӯмак намудан дар ташкили чунин марказ изҳори миннатдорӣ намуд.

Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати ҳамкории судманд ба намояндагони  Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  ва дигар саҳмгузорони ин марказ изҳори ташаккурӣ менамояд ва ба кори маркази мазкур муваффақияту комёбиҳо орзуманд аст!

 

 

37.JPG - 109.65 Kb 38.JPG - 137.77 Kb 39.JPG - 122.73 Kb

40.JPG - 128.44 Kb 41.JPG - 135.30 Kb 42.JPG - 108.28 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj