There are no translations available.
САФОРАТ БА ДОНИШГОҲ ЛУҒАТИ ПАНҶҶИЛДА ҲАДЯ НАМУД Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи ду ҳамсоякишвар паёмадҳои неку ояндадорро ба бор овард. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дӯстию ҳамкориҳои муштараки олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногун - илми табиатшиносӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо хеле тақвият ёфта, ки ин аз сиёсати хориҷии дарҳои кушоди ҳар ду кишвар дарак медиҳад. Дар заминаи робитаҳои дуҷонибаи илмӣ 27-уми августи соли 2020 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Нуъмонҷон Ғаффорӣ Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд. Дар мулоқот ҳамчунин муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталифи илмӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорони ҳарду кишвар ва дигар самтҳои барои ду кишвар судманд баррасӣ шуд. Дар ҷараёни мулоқот Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи донишгоҳ луғати панҷҷилдаи “Ӯзбек тилининг изоҳли луғати”-ро ҳадя намуд. Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳро ҷиҳати боздид аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои табодули таҷриба, китобу китобдорӣ ба Тошканд даъват намуд. Маврид ба ёдоварист, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо бисёре аз макотиби олии ин ҳамсоякишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон санади ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-таълимӣ, мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзӣ ва интиқоли донишҷӯён ҷиҳати таҳсил, ки ба рушди илми донишгоҳ мусоидат менамояд, ба имзо расонидааст. Тӯли солҳои ахир таваҷҷуҳи макотиби олии педагогии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар донишгоҳҳои олии дунё ба донишгоҳҳои олии кишвар, махсусан ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба маротиб зиёд мебошад. Густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, доираи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хеле густарда мебошад ва мамлакатҳои гуногуни қитъаҳои Осиё ва Аврупоро фаро мегирад. Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар шароити ҳамагири бемории сироятии каронавирус хуб мешуд, ки робитаҳои соҳавӣ ва муколамаву суҳбатҳои онлайн баргузор намоянд. |