• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори санаҳои таърихӣ

Бахшида ба 90-солагии пойтахт, Рӯзи забон, 600-солагии шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 20-солагии Сарқонун ва Суруди миллӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар риштаи шоҳмот, шашка, давидан ба масофаи 100 метр, дастхобонӣ ва волейбол байни духтарон ва писарон барпо карда шуд.

Донишҷӯён ҳамаи факултаҳои таълимӣ дар ин сабқатҳо фаъолона иштирок намуданд. Қайд кардан лозим аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои гуногуни варзиш пайваста гузаронда мешаванд ва ғолибон аз ҷониби доварон муайян гардида, маъмурият заҳмати онҳоро қадрдонӣ менамояд.

Дар сабқати мазкур донишҷӯи соли дуюми факултаи забон ва адабиёти рус Фаридун Сангов дар давидан ба масофаи 100 м, донишҷӯёни соли якуми факултаи таърих Комилҷон Шукуров ва Зайнура Ғаниева дар намуди дастхобонӣ, донишҷӯи соли якуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ Манижа Раҳимова ва донишҷӯи соли дуюми факултаи забон ва адабиёти рус Мансур Зарипов дар шашкабозӣ ва ҳамчунин, дар навъи волейбол дастаи бахши дуюми факултаи забон ва адабиёти рус ғолиб дониста шуданд. Ғолибони озмун аз тарафи маъмурият бо мукофтоҳои пулӣ  ва ифтихорномаҳои коллеҷ сарфароз гардиданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj