• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ФАЛАК ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ?!

21.jpg - 97.76 KbФалак боз олиҳаву фарзонаеро аз миён бурд, ки то лаҳзаҳои вопасини хеш дар масири зиндагии мардумон нуру зиё мекошт. Инсони комил ҳамонест, ки дар тавону вуҷуди хештан ҳар нексириштиеро, ки аз “устоди азал” омӯхтааст, ба дигарон низ талқин менамояд ва ҳарчанде дар ҷодаи омӯзиш дақиқу амиқ меравад, комилтар мешавад, худро аз хоксорӣ нокомил мепиндорад. Нафаре, ки дорои ҳамаи ин хислатҳои хуби инсонӣ буд, марди покзоду покдил, поктиннату покмаром, ҳалиму меҳрубон, хоксору фурӯтан ва инсондӯсту инсонпарвар устоди зиндаёд Лутфулло Солиев буд, ки саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат аз он ҷумла илми кимиёи тоҷик хеле назаррас буд. Яке аз ахтарони кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009), олими намоён, профессори барҷастаи соҳаи химияи тоҷик, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ дар синни мубораки 79- солагӣ ин дунёро падруд гуфт. СОЛИЕВ ЛУТФУЛЛО---15-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ ( собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Аз моҳи феврали соли 2007 то соли 2015 мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, аз 31-уми декабри соли 2015 то охири умр профессори кафедраи номбурда буд. Ӯ яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия- муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Лутфулло Солиев ҳамчун профессори номвари кишвар, муаллифи зиёда аз 540 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 3 монография, 5 китоби дарсӣ, 16 дастури таълимӣ, 13 ихтироот мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ ва илмию методии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Ҳамаи ин дастовардҳои илмӣ ва саҳми профессор Лутфулло Солиевро дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ-омӯзгорӣ ба эътибор гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», соли 2002 бо унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, инчунин бо медали “1500-солагии шаҳри Киев” (1983) ва “Ихтироъкори СССР” (1988) сарфароз гардидааст.

Солиев Лутфулло соли равон бо “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф” ва аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия бо ҷоизаи “Асосгузори мактаби илмӣ” қадр карда шудааст.

Раёсат, Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва садорати факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз марги устоди зиндаёд Лутфулло Солиев сахт андӯҳгин буда, ба аҳлу пайвандон, ёру рафиқон ва кулли ҳамкорони марҳум изҳори тасаллият баён менамояд.

Рӯҳатон то абад шод, хонаи охирататон обод ва номатон ҷовидону гиромӣ бод, Лутфулло Солиев!

 

Аҷал устоди устодони мо бурд,

Ва ҳам раҳме накард, дармони мо бурд.

Ҳазорон ҷон рабуд, аммо чаро ӯ,

Чу Лутфулло рабуду ҷони мо бурд?!

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полная имя: Таджикский государственный педагогический Университет

имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj