Тан агар солим набошад, зиндагӣ носолим аст Бегоҳии имрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби 75 нафар устодону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, аксияи “Корвони саломатӣ” гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ дар аксияи мазкур ба раҳгузарон ба таври ройгон тақсим намудани ниқобҳо, маҳлӯлҳои безараргардонӣ, санҷидани табу набз аз ҷониби мутахассисин мебошад. Ибтидои аксия аз соти 18:00 оғоз гардида, то соати 20:00-и шаб идома дорад. Аксияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила ва дигар иштирокдорони муваззаф роҳбарӣ менамоянд.
Суратгузориш аз рафти ҷараёни аксияи “Корвони саломатӣ”
|