There are no translations available. НАҚШИ ОИЛА ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ ФАРҲАНГУ МИЛЛАТ Имрӯз дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки он бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми октябри соли 2010, №559-5 тасдиқ гардидааст, семинари машваратӣ-омӯзишӣ бо иштироки мутахассисон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Нақши оила дар раванди ташаккулёбии фарҳангу миллат” баргузор гардид. Мақсад аз баргузории семинар пеш аз ҳама, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, гиромидошти мақому эътибори зан дар ҷомеа буд. Дар чорабинӣ Зуҳурова Зарина Ҳабибуллоевна-сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, қурбонова Руқия Атоевна- раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Азимова Маҳбуба-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи нади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоҷонзода Ҷамила-муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Саидова Гулхумор-раиси Шӯрои занони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд, ки донишҷӯён аз он маънавиёти баланд бардошт намуданд.
Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ:
|