• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Китоб шамъест, ки дилро мефурӯзад


82.JPG - 246.36 Kb

Имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги  адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки  намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашрро директори  Муассиаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар, ки хатмкардаи факултети химияи  ҳамин донишгоҳ мебошад, раҳбарӣ мекард. Мавсуф бо ректори донишгоҳ аз синфхонаҳои таълимии факултети химия дидан намуда, ёдовар шуд, ки шеърҳои аввалини эҷоднамудаи ӯ  маҳз дар ана ҳамин синфхонаҳо сурат гирифтааст.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст, манзури китобдӯстон гардид.

Директори муассисаи мазкур шоир Давлат Сафар ба ректори донишгоҳ китоби “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро, ки бо ороиши махсус ба нашр расидааст, ҳамчун расми армуғон ҳадя намуд.

Дар раванди намоиш-фурӯши китоб шефтагони китоб аз кормандони Муассисаи нашриявии «Адиб» барои ин иқдоми пешгирифтаашон изҳори сипос намуда, барои бозоварди китоб дар навбатҳои минбаъда ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, даъват ба амал оварданд.

Намоиш-фурӯши китоб ҳанӯз идома дорад.

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузорӣ намоиш-фурӯши китоб:

79.JPG - 191.39 Kb 80.JPG - 159.06 Kb 85.JPG - 222.69 Kb81.JPG - 252.82 Kb 83.JPG - 262.91 Kb 84.JPG - 247.28 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj