• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи муҳим

Аз 22-юм то 29-уми октябри соли равон дар назди кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он таҳти роҳбарии дотсенти Донишгоҳи шаҳри Бохоми Ҷумҳурии Федералии Олмон Гюнтер Депнер ва хонум Эссика Бёкер зери унвони «Такмили таълими забони олмонӣ дар мактабҳои олӣ» семинарии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар семинар баррасии проблемаҳои намудҳои фаъолияти нутқ: гуфтор, идрок, хониш ва

хат тавассути воситаҳои технологияи инноватсионии таълим дар шакли рӯнамоӣ ва баҳсу мунозира сурат гирифт. Дар семинар дар баробари 7 нафар омӯзгори донишгоҳи мо, 2 нафар аз Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин, 2 нафар аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки семинари байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории донишгоҳ бо Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иттилоотии ДААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, GIP-барномаи ҳамкории донишгоҳҳои Олмон ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба иштирокчиёни семинар сертификат дода шуд. Тамоми харҷи семинар аз ҳисоби Хадамоти иттилоотии ДААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт гардид.

Х.Сайфуллоев, профессори кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он.

З.Назифова, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj