• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

СОАТЕ БО МАВЛОНО...

(Гузориш аз маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)

 

88.JPG - 203.12 Kb

Ҳамасола 30-юми сентябр дар кишвар рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) таҷлил карда мешавад. Бинобар ин субҳи имрӯз дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соате бо Мавлоно» баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ миннатдории Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба ташкилкунандагон, созмондиҳандагон, иштирокчиён ва садорати факултети филологияи тоҷик расониданд. Дар идомаи чорабинӣ н.и.ф., дотсент Маҷид Қурбонов дар мавзӯи «Шӯҳрати ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» баромад намуданд. Мавсуф доир ба сафарҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва шӯҳрати обрӯи ӯ дар даврони ҳозира сухан гуфтанд. Сипас дар мавзӯи «Мавлоно-сафири муҳаббат» н.и.ф., дотсент Саидолим Комилҷон Саидмирзо баромад намуда, аз ашъори пурғановати Мавлоно чанде мисол оварда, мавқеи асосии меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро дар ашъори Мавлоно баён намуд. Ҳамчунин донишҷӯ Мунаввара Ҳотамова маърӯзаи ҷолиб намуд. Дар бахши дуюм, яъне бахши фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёну устодон шеърҳо, сурудҳо ва саҳнаҳо аз ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Бузургдошти Мавлоно дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ хеле хотирмон доир гашта, табъи иштирокчиёни онро воқеан болида гардонд.

 

89.JPG - 160.56 Kb 87.JPG - 236.56 Kb 97.jpg - 138.69 Kb90.JPG - 173.85 Kb 91.JPG - 206.52 Kb 92.JPG - 213.59 Kb

94.jpg - 138.48 Kb 95.jpg - 118.61 Kb 96.jpg - 118.30 Kb

98.jpg - 147.20 Kb 99.jpg - 118.61 Kb 100.JPG - 162.96 Kb 101.JPG - 169.58 Kb 86.JPG - 245.29 Kb102.jpg - 97.56 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj