• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МУАЛЛИМ ЧАШМИ ДИЛҲО БОЗ СОЗАД...

 

2.JPG - 191.40 Kb«Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона,

қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд»  Эмомалӣ Раҳмон

 

Санаи 2-юми октябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон “Рӯзи омӯзгор” таҷлил карда шуд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. суханронӣ намуда, тамоми устодони донишгоҳро бо иди касбияшон муборакбод гуфта, барояшон дар ҷодаи фаъолияти илмиву таълимиашон  комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, ба ифтихори иди касбияшон  се нафар омӯзгори донишгоҳ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чанд нафари дигар бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён дар бораи шукӯҳу шаҳомати омӯзгор шеърҳо қироат карда шуда, ҳозиринро бо забонҳои хориҷӣ низ табрикот намуданд. Дар идома ба хотири болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ таҳти унвони “Касби омӯзгорӣ-асоси пешрафти ҷомеа”пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хело ҷолибу хотирмон буд.

 

1.JPG - 188.79 Kb 3.JPG - 219.00 Kb 4.JPG - 223.94 Kb 5.JPG - 190.04 Kb 6.JPG - 190.95 Kb 7.JPG - 219.57 Kb 8.JPG - 249.30 Kb 9.JPG - 235.99 Kb 10.JPG - 232.95 Kb 11.JPG - 201.71 Kb 12.JPG - 240.01 Kb 13.JPG - 240.18 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj