• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Нақши

Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол

23.jpg - 114.34 KbБа ифтихори Рӯзи забон бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ибтикори кафедраи забони тоҷикии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  бо чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид.

Онро бо сухани муқаддимавӣ Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор  Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, дар мавриди саҳми Пешвои миллат барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, Нақши Паём дар ташаккул ва рушди муҷаддади забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ  ибрози назар намуд.

Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод роҷеъ ба “Нақши Пешвои миллат дар рушди забои тоҷикӣ дар замони истиқлол” маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст. Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имсола  иброз доштанд, мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Оре, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати ҷомеа аст ва танҳо ҷомеа қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд. Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳифз ва густариши забони модарӣ сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсатест, ки бар мабнои мукаммалсозии мақоми забон дар ҷомеа, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона, нақши забон дар таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ шудааст.

Дар чорабинии мазкур устодони дигари ин кафедра низ маърӯзаҳои пурмуҳтаво анҷом доданд.

“Нақши забони адабӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа” чунин унвон дошт маърӯзаи ассистенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур Ҷамшед Валиев. Ба назари номбурда забони тоҷикӣ дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ҳам ба соҳибонаш ва ҳам ба дигар миллатҳо ҳамчун забони муошират ва манбаи омӯзиши илм, фарҳанг ва адаб хидмат кардааст. Бобати оммавӣ гаштани забони  тоҷикӣ саҳми хонадони фарҳангпарвари маҳаллӣ, аз он ҷумла империяи бузурги Сомониҳо ниҳоят бузург аст. Онҳо дарк кардаанд, ки нақши забони миллӣ дар давлатдорӣ ва тафоҳуми ҷомеа муҳим будааст. Бинобар он, дар баробари додани имконият барои гуфтугӯ кардан ба забонҳои халқу қавмҳои маҳаллӣ забони тоҷикӣ-забони ягони давлатдорӣ буд. Имрӯз вақте ки ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ба забони адабӣ сухан мегӯяду эҷод мекунад, ғаризаҳои забонии лаҳҷабунёдӣ-маҳалгароӣ аз байн меравад, дар натиҷа тавассути забони адабӣ тафоҳуми ҷомеа таҳким меёбад, мардуми Тоҷикистон муттаҳид мешавад ва давлати миллӣ рушд менамояд.

Омӯзгорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ҳанифаи Муҳаммадохир ва Саидова Ҷамила роҷеъ ба “Нақши забон дар бозтоби ҳодисаҳои таърихӣ” ва “Ҳифзи забони модари дар шароити ҷаҳонишавӣ” сухан карданд.

Дар хотима донишҷӯён дар васфи забон ва ҳифзи ин рукни бебаҳо аз зуҳуроти бегона пораҳои шеърӣ қироат намуда, ба ҳамоиш шаҳомати хоса бахшиданд.

Ҳамоиш дар афкори ҳаводорони забони тоҷикӣ таассуроти нек боқӣ гузошт.

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj