• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Намоиши дастранҷи “Мактаби бачагонаи рассомӣ”

30.JPG - 328.53 Kb

 

Санаи 3-юми октябри соли равон, дар гулгашти назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии омӯзгорон дастранҷи наврасонро ба намоиш гузошт. Намоиши мазкур аз соати 9:00 то 14:00 идома ёфт. Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода аз ин намоиши наврасону ҷавонон  дидор ба амал оварда, миннатдории раёсати донишгоҳро ба  Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҷиҳати иқдоми беназирашон дар арафаи Иди омӯзгор расониданд. Ҳамчунин аҳли раёсати донишгоҳ аз ин намоиш дидан намуданд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии мактаби мазкур - ин дарёфт ва инкишоф додани қобилияти эҷодӣ ва истеъдоди рассомии кӯдакон ва наврасон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ, интихоб ва аз худ намудани касби рассомӣ мебошад.

 

 

 

24.JPG - 257.38 Kb 25.JPG - 252.87 Kb 26.JPG - 232.58 Kb

27.JPG - 275.88 Kb 28.JPG - 227.63 Kb 29.JPG - 274.52 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj