• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Идомаи кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

37.JPG - 221.07 KbСанаи 6-уми октябри соли равон дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гурӯҳи комиссияи аккредатсионӣ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ. сараввал аз хазинаи маънавии фонди тиллоии китобхонаи донишгоҳ, толори хониш, толори  электронӣ, толори олимон ва аспирантони китобхона, лабораторияҳо ва музейҳои зоологии факултети биология, инчунин аз синфхонаву лабораторияҳои факултети химия дидан намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ҳошияи сафари экскурсионии донишгоҳ аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ ва техникаву мошинасозии факултети технология, дастоварду бозёфтҳои таърихии донишҷӯёни факултети таърих, лабораторияҳои факултети физика, синфхонаи муҷаҳҳази инклюзивии факултети психология ва таҳсилоти фарогир, маркази захиравии забони англисӣ, Парки технологии донишгоҳ боздид намуданд.

 

Дар навбати баъдӣ, сӯҳбат-пурсиши гурӯҳи комиссияи аккредатсионии донишгоҳ бо муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои биологӣ Акобир Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ н.и.с., дотсент Ҳакимов Р. ва д.и.п., профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Шарипова Д. сурат гирифт, ки масъалаҳои матраҳшуда, пиромуни дастовардҳои илмии донишгоҳ, иқтидори илмии он, сатҳу сифати таълим дар зинаҳои пас аз бакалавриат, табъу нашри мақолаҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи сомонаи донишгоҳ ва сомонаҳои дигари маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар ба ҳисоб мерафтанд.

Сипас, чунин сӯҳбат-пурсиш бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ,  н.и.п., дотсент Байдуллоев Аъзам Ибодуллоевич ва мутахассисони самти мазкур, сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Шакарбеков Ғ. ва сармутахасиси шуъба Каримова М. сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ, раводид, будубош, тиб, таълим, бақайдгирӣ, илм, фарҳанг ва эҷоди донишҷӯёни хориҷиро дар бар мегирифт. Дар қисмати сеюми вохӯрӣ-пурсиш деканони факултетҳои физика-н.и.п., дотсент Умаров У., технология ва соҳибкорӣ -  н.и.т., дотсент Сияҳаков С., забони англисӣ - н.и.ф., дотсент Баротзода Ф., химия - н.и.х. Усмонов М.Б., забон ва адабиёти рус - н.и.п., дотсент Ниятбекова А. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қисми дигари сӯҳбат-пурсиш бо мутахассисони гуногуни соҳаи таълим д.и.п., профессор Маҷидова Б., н.и.м., дотсент Маҳкамов М., н.и.ф., дотсент Қодиров Б., д.и.ф., профессор Назариев Р., н.и.ф., дотсент Сулаймонов И. ва саромӯзгори кафедраи адабиёти рус ва адабиёти ҷаҳон Наврӯзов А. доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами методикаи таълими фанҳои гуногун сурат гирифт.

 

 

33.JPG - 286.95 Kb 34.JPG - 208.02 Kb 35.JPG - 185.09 Kb 36.JPG - 203.92 Kb 37.JPG - 221.07 Kb 38.JPG - 208.34 Kb 39.JPG - 217.42 Kb 40.JPG - 151.76 Kb 41.JPG - 204.42 Kb 42.JPG - 134.05 Kb 43.JPG - 120.80 Kb 44.JPG - 184.65 Kb 45.JPG - 173.52 Kb 46.JPG - 156.71 Kb 47.JPG - 186.56 Kb 48.JPG - 152.54 Kb 49.JPG - 202.77 Kb 50.JPG - 206.63 Kb 51.JPG - 161.50 Kb 52.JPG - 309.20 Kb 53.JPG - 141.87 Kb 54.JPG - 184.88 Kb 55.JPG - 164.67 Kb 56.JPG - 191.88 Kb 57.JPG - 236.32 Kb 58.JPG - 148.64 Kb 59.JPG - 235.63 Kb 60.JPG - 167.25 Kb 61.JPG - 164.67 Kb 62.JPG - 162.30 Kb 63.JPG - 177.95 Kb 64.JPG - 204.96 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj