• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

1.JPG - 264.15 KbСанаи 7-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки экспертони ватаниву хориҷӣ ва аҳли раёсати донишгоҳ ҷамъбасти кори комиссияи  аккредитатсионӣ тариқи онлайн  баргузор гардид. Сараввал намояндагони гурӯҳи мазкур аҳли ҷаласаро барои фаъолият намуданашон дар фазои пурхатари эпедимологии ҷаҳони муосир изҳори ташаккур намуда, арз доштанд, ки асолати омӯзгорӣ низ маҳз ҳамин бурдбориҳоро тақозо мекунад. Дар ҷаласа пиромуни  натиҷаи санҷиши экспертони гурӯҳи аккредитатсионӣ сухан рафта, дар он ҷиҳати бозёфтҳои нави таълим, илм, иқтисод, техникаву коммуникатсияи навин, синфхонаҳои таълимиву лингафонӣ, лабораторияҳои таҳлиливу таълимии донишгоҳ ва   як қатор пешниҳоду дархостҳои тарафайн судмандона андешаронӣ гардид.

Экспертон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба аъзои раёсати донишгоҳ дастуру супоришҳои муфид додаву иброз доштанд, ки минбаъд маводҳо дар сомонаи донишгоҳ бояд бо забонҳои русиву англисӣ низ ворид карда шавад, то хориҷиён низ тавонанд аз дастовардҳои илмӣ, таълимиву тарбиявии донишгоҳ баҳравар гарданд.  Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода барои гузаронидани чунин як тафтиши натиҷабахши пурзаҳмат аз номи раёсати донишгоҳ ба аҳли комиссияи мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки аъзои раёсати донишгоҳ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҳамеша омода аст ва дар мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ умедворем, ки ислоҳ хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, натиҷаи санҷиши комиссияи аккредитатсионии донишгоҳ аз ҷониби экспертони ватаниву хориҷӣ мусбат арзёбӣ гардида, дар фарҷом барои рушди  фаъолияти минбаъдаи Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ муваффақиятҳои беназири илмиву таълимӣ таманно гардид.

 

1.JPG - 264.15 Kb 2.JPG - 155.00 Kb 3.JPG - 226.65 Kb

4.JPG - 205.52 Kb 5.JPG - 202.98 Kb 6.JPG - 210.71 Kb

7.JPG - 238.53 Kb 8.JPG - 178.91 Kb 9.JPG - 218.46 Kb

10.JPG - 160.22 Kb 11.JPG - 216.33 Kb 12.JPG - 223.10 Kb

13.JPG - 218.77 Kb 15.JPG - 194.69 Kb 14.JPG - 255.71 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj