• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Вохӯрӣ  бо волонтёрон

16.JPG - 123.21 KbСанаи 09.10.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон бо волонтёрони ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 баргузор гардид. Дар толор волонтёрон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДТТ ба номи А.Сино, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур тамоми меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, риштаи суханро ба муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон дод. Мавсуф зимни суханрони  доир ба фаъолияти волонтёрон дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуд. Қайд намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раванди муҳимми сиёсӣ ҷалю ва кумаки неруҳои гуногунро тақозо менамояд, ки дар ин ҷараён фаъолияти волонтёрӣ мақоми махсус дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёрӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» танзим карда мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ва баргузории «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-2020» ҳамчун мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии волонтёрон дар самтҳои гуногун, аз он ҷумла, барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводҳои иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон аз қонунгузории кишвар дар бораи интихобот, ҳамроҳии мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар учаскаҳои интихобот ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд истифода мебарад. Ҷалби волонтёрон тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар асоси ихтиёрӣ, беғаразӣ ва бе музд амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин ба хотири танзими фаъолияти волонтёрон дар давраи интихобот роҳнамо барои волонтёрон омода шудааст. Дар роҳнамои мазур маълумот дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқлим, шакли идоракуни ва сохтори давлатӣ, парламент, узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, маълумот дар бораи кормандони КМИР ва рӯйхати 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар фарҷоми вохӯри ба ҳамаи волонтёрон роҳнамо барои интихобот супорида шуда, фаъолияти хубро дар рӯзи интихобот барои ҳамагӣ таманно намуд.

 

 

 

16.JPG - 123.21 Kb 17.JPG - 118.94 Kb 21.JPG - 205.42 Kb 18.JPG - 138.13 Kb 19.JPG - 187.41 Kb 23.JPG - 140.36 Kb20.JPG - 199.18 Kb 22.JPG - 210.35 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj