• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Дилшод Раҷабов: “Участкаи мо пурра ба интихобот омода аст”!

 

26.JPG - 162.69 KbКомиссияи участкаи интихоботии №12 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омода мебошад,-қайд намуд, раиси участкаи интихоботии №12-и ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Дилшод Амиралиевич. Комиссия дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, тамоми номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар қонуни мазкур дарҷ гардидааст, омода намудааст. Комиссияи участкаи интихоботии №12  инчунин хонаи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ бо насби нишонаи шахсони имконияташон маҳдуд ва бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ, шиору овезаҳои таҷассумкунандаи тарзи баргузории интихобот насб гардидааст. Ҳамаӣ 1406 нафар овоздиҳанда дар комиссияи участкаи интихоботии №12 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 973 нафар мард, 433 нафар зан ва 242 нафари дигар бори аввал интихобкунанда мебошанд, ташкил медиҳад. Инчунин комиссия барои пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар даромадгоҳҳои утоқҳо ва кабинетҳои овоздиҳӣ ишора доир ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва маҳлулҳои безараргардонанда ҷойгир буда, барои санҷидани ҳарорат ду адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, антисептик ва ниқобҳои тиббии яккарата таъмин карда шудааст, ки бо эҳтимоми кулл метавон гуфт, Участкаи интихоботӣ пурра ба гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст.

 

 

26.JPG - 162.69 Kb 24.JPG - 202.48 Kb 25.JPG - 214.53 Kb 27.JPG - 207.19 Kb

28.JPG - 200.83 Kb 29.JPG - 216.72 Kb 30.JPG - 193.59 Kb 31.JPG - 243.07 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj