• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Баргузории интихоботи президентӣ дар ДДОТ

ба номи Садриддин Айнӣ

12.JPG - 185.06 KbШурӯъ аз соати 6:00-и субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии №12, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст, маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷа, мушоҳидони миллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати кишвар ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ба участка ташриф оварда, пас аз дида баромадани участкаи интихоботӣ дар дафтари қайдҳо худро номнавис намудаву имзо гузоштанд. Сипас, дастаи донишҷуёни истикоматкунандаи хобгоҳҳои №6 ва №7-и донишгоҳ бо бардоштани парчами миллӣ ва сароидани Суруди миллӣ ба участкаи интихоботӣ барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ташриф оварданд. Ҳамин тавр, овоздиҳӣ аз чониби сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи участкаи интихоботӣ низ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва коидаҳои гигиенӣ идома ёфт. Дар рафти баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба интихобкунандагоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок намуданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ яке аз мукаддасотҳои миллӣ-парчами давлатӣ, китоби Қаҳрамонони Тоҷикистон ва ба духтарону занон бошад, гул такдим карда шуд.

 

Бояд зикр кард, ки раванди баргузории чорабинии сиёсӣ зери роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., карор дошта, дар он дигар кормандони раёсати донишгоҳ ва зерсохторҳои он низ саҳмгузор буданд.

Раванди баргузории чорабинии сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии №12-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳануз идома дорад.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии №12:

1.JPG - 190.10 Kb 2.JPG - 180.27 Kb 3.JPG - 213.02 Kb 4.JPG - 250.01 Kb

5.JPG - 194.62 Kb 6.JPG - 240.75 Kb 7.JPG - 184.62 Kb 8.JPG - 176.88 Kb

9.JPG - 242.88 Kb 10.JPG - 203.80 Kb 11.JPG - 188.77 Kb 12.JPG - 185.06 Kb

13.JPG - 232.82 Kb 14.JPG - 192.37 Kb 15.JPG - 297.71 Kb 16.JPG - 149.89 Kb 17.JPG - 212.43 Kb 18.JPG - 161.20 Kb 19.JPG - 209.23 Kb 20.JPG - 188.81 Kb

21.JPG - 204.21 Kb 22.JPG - 236.00 Kb 23.JPG - 231.46 Kb 24.JPG - 179.62 Kb 25.JPG - 273.08 Kb 26.JPG - 201.33 Kb 27.JPG - 193.38 Kb 28.JPG - 210.50 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj