• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ!

42.jpg - 127.00 KbСубҳи имрӯз тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР бо иштироки парламенти кишвар  мустақиман пахш гардид. Зимни суханронӣ раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин баён намуд: хушҳолона 85,36%-и интихобкунандагон дар интихобот иштирок намудаанд.

Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба ҳисоб меравад. КМИР натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи овозҳои гирифтаи номзадҳо чунин муайян намуд:

Абдуллоев Мироҷ Санонович-номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунистии Тоҷикистон-1,17%

Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон-1,49%

Латифзода Рустам Барот- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон-3,03%

Раҳматзода Рустам- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон-2,15%

Эмомалӣ Раҳмон- номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаии мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-90,92%

Натиҷаи интихоботи президентиро КМИР ба инобат гирифта, Эмомалӣ Раҳмонро барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.

Пахши мустақим аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар ҳама факултетҳои донишгоҳ тариқи телевизион тамошо карда шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj