• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ КИ ҲХДТ

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

 

64.jpg - 92.13 KbСанаи 15-уми октябри соли 2020  дар асоси нақша-чорабиниҳои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар кори Маҷлиси Раёсат Ҳамидиён Илҳомҷон – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил Саидович – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3, аъзои Ситод ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Дар кори Маҷлиси Раёсат ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки ҳайати Ситод иборат аз 92 нафар аз ҳисоби олимону коршиносон, собиқадорон ва занону ҷавонони ботаҷриба таъсис дода шуда, дар давраи маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ фаъолияти пурмаҳсули сиёсӣ нишон доданд.

Дар кори Маҷлиси Раёсат Мирзозода Иброҳим Холмурод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ба ҳамаи аъзои ситод ва фаъолон миннатдории самимии Ситоди шаҳрии ҳизбро расониданд.

Дар музокира фаъолони ҳизб аз ҷумла Раҳимзода Шариф Махсум-директори Иниститути иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон - муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон-муовини ректори ДМТ суханронӣ намуданд.

Дар фаромад ба як қатор фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ифтихорномаву Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

Аз он ҷумла ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои шоён ва саҳми муносиб дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмасури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

 

59.jpg - 102.50 Kb 60.jpg - 115.94 Kb 61.jpg - 135.25 Kb

62.jpg - 128.08 Kb 63.jpg - 124.68 Kb 64.jpg - 92.13 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj